Россия ҳамоно барои Тоҷикистон шарики асосии тиҷоратист
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Россия ҳамоно яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи оморҳои гумрукӣ беш аз 34 фоизи воридоти мол ба Тоҷикистон ба Россия рост меояд. Сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ҳасанзода мегӯяд, ки ба Тоҷикистон аз Россия асосан дар ин давра сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока ворид карда шудааст.
Дар ин раддабандӣ Қазоқистон аз рӯи нишондод бо 19 фоизи ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон зинаи дуюмро касб намудааст. Ин кишвари Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон асосан орд, гандум, гази моеъ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот намудааст. Ҳамзамон воридоти мол ба Тоҷикистон аз Чин беш аз 18 фоиз, Туркия наздик ба чор фоиз, Олмон се фоиз, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон беш аз ду фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва Туркия бештар молу молу маҳсулот содирот гардидааст. Ҳаҷми асосии содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон беш аз 35 фоиз, Туркия зиёда аз 22 фоиз буда, зинаҳои баъдӣ ба Тайван 7,3 фоиз, Афғонистон 6,5 фоиз, Ӯзбекистон 5,6 фоиз, Чин 4,1 фоиз, Эрон 2,2 фоиз, Россия, Амрико, Покистон ва Италия беш аз 1,5 фоиз рост меояд.
Ин дар ҳолест, ки сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон мубодилаи мол дошт. Мавсуф зикр кард, ки омӯзиш ва таҳлили гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки дар ин давра бо назардошти баъзе омилҳо- бӯҳрони молиявӣ, вазъи сиёсии баъзе кишварҳо, пастравии рушди иқтисодиёти бархе аз давлатҳое, ки шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд, талабот ба як қатор молу маҳсулоти содиротию воридотӣ кам гардидааст. Аз ин рӯ, гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 12 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 7 фоиз ва бо давлатҳои хориҷи дур беш аз 27 фоиз кам гардидааст. Мавриди зикр аст, ки тиҷорат дар ин давра бо кишварҳои ИДМ 964 миллион доллар ё наздики 58 фоиз ва бо давлатҳои хориҷи дур зиёда аз 718 милион доллар ё беш аз 42 фоизи гардиши тиҷорати хориҷии кишварамонро ташкил дод.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






