Саодат Ҳайдарзода: «Мо бояд либоси миллии аҷдодии худро талқин кунем»

Июль 20, 2017 11:35

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг  аз рукнҳои асосии ҳастии миллат маҳсуб мешавад.   Либоси миллӣ низ  дар шебу фарози таърих  борҳо дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифтааст. Аммо эҳсоси баланди худшиносии бонувони тоҷик  зебогиву шинамии либоси тоҷикиро то ба  наслҳои имрӯза  расонидаанд.

           Мутаассифона,  имрӯз тақлиди бархе  аз занону духтарон  ба фарҳангу либоси  бегона метавонад ба рушди  фарҳангу либоси миллӣ  монеа эҷод намояд. Аз ин рӯ, ҷиҳати  баробари замон  рушд  ёфтани либоси миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан тақозои замон аст.

           Дар ин мавзӯъ  сармуҳаррири маҷаллаи «Фирўза»    Саодат Ҳайдарзода  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин  изҳор намуд:

«Дар либоси миллии ҳар миллат  тахайюл, тафаккур ва  табиати  он сарзамин  инъикос гардидааст. Дар либоси миллии  мо низ   рангорангии табиати зебои Тоҷикистон, иффат,  шарму ҳаёи  зебандаи бонувони тоҷик    тасвир ёфтааст.

Дар осорхонаҳо садсолаҳо инҷониб либосҳои  ниёгонамон маҳфуз аст.  Остини дароз бо саростин, гиребони баланд, докаи сафед ё рўсарии аз ҳиҷоб дида қулайтар маънои риоя шудани сатрро мефаҳмонад. Аз омӯзиши  ин либосҳо дорои фарҳанги баланд, одоби ҳамида ва ҷаҳонбинии васеъ будани аҷдодонамон баръало аён мегардад.

Аммо  имрўз бархе дар мафкураашон тарзи либоспўшии шарқиёнаву ғарбиёнаро ҷой дода, бе риояи модерн куртаҳои дароздомони туркӣ, домони тангу кўтоҳи дарздор, ҳариру нимурён ё чодари сиёҳи сар то пой печонидашуда ба бар менамоянд.

Кўркўрона пайравӣ ё тақлид кардан ба либоси бегона, бешак, ба пастравии фарҳанги миллӣ оварда мерасонад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқотҳояшон мутасаддиёни соҳаи фарҳанг ва мақомоти дахлдорро дастур медиҳанд, ки пеши роҳи тақлидкорӣ ва зуҳуроти бегонапарастӣ гирифта бигиранд.

Дар иртибот ба чунин роҳнамоии Сарвари давлатамон дар фарҳанги либоспўшии бонувон дигаргуниҳо ва навгониҳо эҳсос мегардад. Яъне имрўз шаклу намуди либоси миллӣ хеле тағйир ёфта, тарроҳон ва чеварони либосҳои миллӣ бо тарзу усулҳои наву замонавӣ чакану атласро ба либоси ақрабои гузаштаамон қаробат дода медўзанд.

Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гўё гулҳои рангоранги табиати зинда бо таровати хоса, хеле назаррабо ҷилва медиҳанд. «Салиби шикаста» рамзи ориёиҳо буда, дар парчамашон акс меёфт. Хушбахтона, як намуди пироҳани чакан бо ин унвон кашидадўзӣ мешавад. Аҷдодони бузурги мо-ориёиҳо офтобро муқаддас дониста, онро ҳамчун рамзи меҳр истифода мебурданд. Дар ин маврид месазад зикр намуд, ки пироҳан-чакани «Косагул» аз таърихи куҳан доштани чакани тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Агар дар Аврупо бонувон либоси якранги сафеду хокистарӣ, бунафшу қирмизӣ ва сиёҳ пўшанд, либоси миллии бонувони тоҷик сернақшу нигор буда, онҳоро боз ҳам зеботар мегардонад. Нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон- ҷаҳон маънӣ дорад. Гулҳояш рангу ҷилои табиати Тоҷикистон, зебогиҳои ботинии инсонро тараннум месозанд. Маҳз дар кишварҳои Ғарбу Амрико таваҷҷуҳ ба либоси миллии мо-чакан бештар гардидааст. Зеро чакану атлас тавассути намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва интернетӣ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад.

Тараннуми либоси миллӣ падидаест арзишманд. Мо бояд мавқеи либоспўшиамонро устувор гардонида, либоси миллии аҷдодии худро талқин намоем!».

 

Июль 20, 2017 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад