Сокинони ноҳияи Темурмалик дар ободу зебо намудани маҳали зисти хеш саҳм мегузоранд
ТЕМУРМАЛИК, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Дар робита ба ин дар ноҳияи Темурмалик ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Шуҳрат Файзов, як сокини ноҳия зимни баргузории ҳашар баён дошт, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ноҳияи Темурмалик дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо рушд кард. Дар ин давра даҳҳо биноҳои маъмурию маданӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи саросарӣ сокинони ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллию давлатӣ рӯзҳои истироҳат ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар ободу зебо намудани маҳали зисти хеш саҳм мегузоранд».
Дар ҳашаре, ки дар саҳни гимназияи давлатӣ доир гардид, беш аз 70 нафар кормандони ташкилоту корхонаҳо ва дигар сокинон иштирок карданд.
Чунин ҳашарҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ ҷараён доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






