Суғд: ба иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулода медал тақдим гардид

Июль 1, 2017 12:14

ХУҶАНД, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 29 июн ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати боришоти зиёди борон ва рафти сел дар деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент дидан намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни мулоқот бо аҳолии зарардидаи деҳа Раиси вилоят таъкид дошт, ки онҳо зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, аз лаҳзаҳои аввали сар задани офати табиӣ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳо оид ба бартарафкунии оқибатҳои офат андешида шуда истоданд.

Ҳамзамон Раиси вилоят мақомотҳои дахлдори шаҳру вилоятро вазифадор намуд, ки бо ҷалби мутахассисон ва техникаи зарурӣ масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, сари вақт тоза намудани ҳудуди хонаҳо, барқароркунии роҳҳои нақлиётгард ва хати обу неруи барқро ба зудӣ ҳаллу фасл намоянд.

То ин дам аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба осебдидагони офати табиӣ кумаки молиявӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ тақдим гардида, ҳамзамон кумакҳои моддӣ аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар лавозимоти зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода низ расонида шуда истодаанд.

Инчунин ба як нафар сокини деҳаи Амондара Бобохон Маллахонов, ки ҳисси масъулият ва зиракӣ зоҳир намуда, аҳолиро аз хатар огоҳ сохт ва сабабгори рӯй надодани талафоти ҷонӣ гардид, ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо телевизор ва бо фармоиши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ бо медали «Ба иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулода» сарфароз гардонида шуд.

Ба иттилои масъулин, офати табиӣ асосан ба манзилҳои истиқоматӣ, майдонҳои кишт, хати барқу оби нӯшокӣ ва роҳҳо зарар расонида, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо сабаби зиёд будани лойқа дар роҳҳо ва саҳни манзилҳо оқибатҳои офати табиӣ ҳанӯз пурра муайян нагардидааст.

Ёдовар мешавем, ки борони шадиди шаби 26  июн дар ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент ба вуқӯъ омада, ба сели азим табдил ёфта, асосан ба истиқоматкунандагони ду тарафи сойи Амондара зарари калони моддӣ расонид. Дар натиҷа лойоба 6 хонаи истиқоматиро аз лой пур карда, ба 10 хонаи дигар қисман зарар расонда, роҳҳои байни деҳаҳоро хароб кардааст.

Июль 1, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид