Суғд: Бунёди 37 адад иншооти варзишӣ аз оғози сол
ХУҶАНД, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ 37 адад иншооти гуногуни варзишӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 6 миллиону 978 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. Инчунин бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо сохтмони 46 иншооти варзишии хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти масъулини соҳа, айни ҳол дар вилоят 45 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, дар онҳо дар маҷмӯъ 17 ҳазору 404 нафар наврасону ҷавонон ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 2002 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин аз оғози сол дар вилоят 652 мусобиқа аз рӯи 17 намуди варзиш бо фарогирии 64 ҳазору 260 нафар варзишгар гузаронида шуданд.
Дар маҷмӯъ варзишгарони вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон зимни иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 3228 медал (дар ҳамин давраи соли 2016-1437 медал) шарафёб гардиданд, ки аз он 996 ададаш (2016-450) медали тилло мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






