ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 июл, панҷшанбе, 201-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 164 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
20 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд. Сарвари давлат оид ба ҷамъоварии беталаф ва саривақтии ҳосили фаровони ғалладона ва вусъати кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, таъмини иҷрои буҷети давлатӣ ва пардохти бетаъхири маошу нафақа ва кумакпулиҳо, омодагии ҷиддӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳои баррасишуда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
***
7 сол пеш, 20 июли соли 2010 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал оид ба рафти кишти такрорӣ, ҷамъоварии ғалладона ва дигар корҳои мавсимӣ телефонӣ ҳисобот дода буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҳосили фаровони ғалладона аз заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда шуда, кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад. Таъкид гардида буд, ки аз муҳлати кўтоҳи барои кишти такрорӣ боқимонда пурсамар истифода бурда, нагузоранд, ки заминҳои обӣ холӣ монанд. Сарвари давлат дастур доданд, ки то 10 август бояд иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба анҷом расонда шавад.
***
20 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфта буданд. «Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги энергетикӣ аст, бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор, аз ҷумла Хартияи энергетикӣ ҳавасманди густариши ҳамкорӣ аст», — изҳор дошта буданд дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
20 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии шоҳмот.
***
Дар Колумбия – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Кипри Шимолӣ- Рӯзи сулҳ ва озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 июли соли 2013 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки он бо коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр машғул аст.
***
20 июли соли 2010 дар пойтахти Афғонистон- шаҳри Кобул конференсияи байналмилалӣ оид ба Афғонистон ба кори худ оғоз намудааст. Конференсия зери раисии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, инчунин иштироки вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони зиёда аз 70 ташкилоти байналмилалӣ баргузор гардидааст.
***
93 сол муқаддам, 20 июли соли 1924 Федератсияи байналмилалии шоҳмот таъсис дода шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1953 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исроил муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст.
***
14 сол пеш аз ин, 19 июли соли 2003 дар Кения ҳавопаймои Африқои Ҷанубӣ бо сайёҳони америкоӣ ба садама дучор шудааст.
***
20 июли соли 2005 дар пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Германия- шаҳри Берлин намоиши зидди даъвати умумиҳарбӣ баргузор гардидааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1837 аввалин истгоҳи роҳи оҳани Лондон ифтитоҳ гардидааст.
***
Соли 1940 маҷаллаи мусиқавии Амрико «Billboard» аввалин рӯйхати сурудҳои машҳурро нашр намудааст.