Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» баррасӣ шуд

Июль 7, 2017 08:56

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид.

Дар кори ҷаласа раиси Кумита Қосим Роҳбар, Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

Дар ҷаласа рафти татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандон баррасӣ гардиданд.

Зимни гузоришҳои иштирокдорон масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, кишоварзӣ, ҷалби сармоя, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоиҳои соҳаҳои гуногуни ноҳияи Рашт ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳо тавсияҳои мушаххас баён гардиданд. Инчунин ба Раёсату шуъбаҳои Кумита доир ба пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва дар якҷоягӣ омода ва баргузор намудани семинар дар минтақа то моҳи сентябр супориш дода шуд.

Ҳамзамон натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шаш моҳи соли 2017 ҷамъбаст гардида, Раёсату шуъбаҳои Кумита ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва бо мақсади дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Раиси Кумита супоришҳои мушаххас гирифтанд.

 

Июль 7, 2017 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд