«Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»-ҷамъомад ба хотири баланд бардоштани маърифати оиладорӣ
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши занону модарон, зимни мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён намуданд: «Дар ҳақиқат, зани оқилаву дурандеш ба қадри дахлу харҷи хонавода мерасад ва маҳсули дастранҷи шавҳарро беҳуда сарф намекунад. Ин гуна оилаҳо барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандонашон талош мекунанд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, шароити зисту зиндагии худро беҳтар менамоянд, оилавӣ ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо рафта, дар фикри саломатӣ ва хушбахтии худашону фарзандонашон мешаванд».
Дар робита ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бонувони Китобхона дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе» мулоқот доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мақсади ҷамъомад баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо ва садди роҳи зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Иштирокдорон дар бораи муноқишаҳои оилавӣ, муносибатҳои келину хушдоман, ба ҷо вардани ҳурмати калонсолон, мавқеи занону духтарон дар ҷомеа, инчунин пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ андешаҳояшонро иброз намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






