«Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»-ҷамъомад ба хотири баланд бардоштани маърифати оиладорӣ

Июль 13, 2017 17:18

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши занону модарон, зимни мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён намуданд:  «Дар ҳақиқат, зани оқилаву дурандеш ба қадри дахлу харҷи хонавода мерасад ва маҳсули дастранҷи шавҳарро беҳуда сарф намекунад. Ин гуна оилаҳо барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандонашон талош мекунанд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, шароити зисту зиндагии худро беҳтар менамоянд, оилавӣ ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо рафта, дар фикри саломатӣ ва хушбахтии худашону фарзандонашон мешаванд».

Дар робита ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бонувони Китобхона дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе» мулоқот доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мақсади ҷамъомад баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо ва садди роҳи зӯроварӣ нисбат ба занон дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Иштирокдорон дар бораи муноқишаҳои оилавӣ, муносибатҳои келину хушдоман, ба ҷо вардани ҳурмати калонсолон, мавқеи занону духтарон дар ҷомеа, инчунин пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ андешаҳояшонро иброз намуданд.

 

 

Июль 13, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад