Тоҷикистону Афғонистон «Долони сабз»-ро роҳандозӣ менамоянд

Июль 3, 2017 10:29

ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мақомоти гумруки  Афғонистон  таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон дидан намуд.

Зимни боздид гурӯҳи кории байналмилалӣ бо роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии гумрукии «Панҷи — Поён» вохӯрӣ намуд. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иброз намуд, ки дар ҷараёни  боздиди ҳайат байни намояндагони  мақомоти гумруки  Тоҷикистон ва Афғонистон вохӯрии дуҷониба баргузор гардида,  «Оид ба масъалаи фаъолияти системаи Боркашонии байналмилалии автомобилӣ  /ББА/ (Carnet TIR)» ва «Долони сабз» барои ББА ва «Доир ба масъалаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Панчи ПоёнЗикр шуд, ки мақомоти гумруки  Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро фароҳам меоварад. Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалӣ гардидани муқаррароти Протоколи мазкурро барои густариши соҳа ва рушди мақомоти гумруки ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳайати мақомоти гумруки Афғонистон аз толорҳои назорати гумрукии «Панҷи Поён» дидан карда, бо фаъолияти кормандон ҳангоми истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва шабакаи муштараки мубодилаи маълумоти гумрукӣ, инчунин таҷҳизоти назоратию рентгении муосир шинос шуданд.

Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ки 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, шабакаи муштараки мубодилаи гумрукии иттилоотӣ аз низоми санҷишӣ ба таври доимоамалкунанда гузаронида шуд.

Июль 3, 2017 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад