Вақти баргузории нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тағйир дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 июли соли 2017 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мутахассисони соҳа нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Вақти баргузории нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июл ба 12 июл гузаронида шудааст.
Нишасти матбуотии Саридораи геология 11 июл, соати 9:00, нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал ҳамон рӯз соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» (ошёнаи 2 бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ, хиёбони Рӯдакӣ – 40) гузаронида мешаванд. Ҷойи баргузории нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 июл, соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои методии бинои марказии Донишгоҳ таъйин шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ҷиҳати доир кардани онҳо дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» бо масъулони АМИТ «Ховар» бояд қаблан мувофиқа карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






