Вақти баргузории нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тағйир дода шуд

Июль 10, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 июли соли 2017  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мутахассисони соҳа нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Вақти баргузории нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июл ба 12 июл гузаронида шудааст.

Нишасти матбуотии Саридораи геология 11 июл, соати 9:00, нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал ҳамон рӯз соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» (ошёнаи 2 бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ, хиёбони Рӯдакӣ – 40) гузаронида мешаванд. Ҷойи баргузории нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 июл, соати 9:00 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои методии бинои марказии Донишгоҳ таъйин шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои матбуотии вазорату  идораҳо  ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ҷиҳати доир кардани онҳо дар толори Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Ховар» бо масъулони АМИТ «Ховар» бояд қаблан мувофиқа карда шаванд.

Июль 10, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд

Маводҳои таҳлилӣ