Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд

Июль 31, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 августи соли 2017 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳҳомӣ-холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 9 дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъйин шудааст (шаҳри Душанбе кӯч.Бохтар, 37).
ШСХК «Барқи тоҷик» 1 август соати 15 журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотии ширкат оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ба бинои ШСХК «Барқи тоҷик» даъват кардааст (ш. Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 64).
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медиҳанд.

Июль 31, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст