ВМКБ: 6 ҳазор метр сими алоқаи «Тоҷиктелеком» ҳанӯз ҳам пайдо нашудааст
ХОРУҒ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бар асари ҷорӣ шудани селу афтодани кӯҳпораҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳазорон метр ноқилҳои алоқа тахриб шуданд ва муштариёни зиёд аз истифодаи телефонҳои хонагӣ маҳрум гардиданд.
Муовини сардор оид ба кор бо муштариёни бахши вилоятии ҶСК «Тоҷиктелеком» Қувватбек Амонбеков гуфт: «Соли равон офатҳои табиӣ фаъолияти кормандони моро номуназзам сохтанд ва мо натавонистем ба муштариён хизмати хуб расонем. Аз ин рӯ, бисёр муштариён шартномаи ҳамкориро бо ҷамъияти мо қатъ намуданд, ки ин омил вазъи иқтисодии коргоҳро боз ҳам мураккаб сохт».
Ба гуфтаи муовини сардори ҶСК «Тоҷиктелеком», соли гузашта дар масофаи наздик ба 6 километр хати алоқа аз тарафи шахсони номаълум дуздида шуд ва ҳанӯз омилҳои ин ҳодиса пайдо нашудаанд. Дар натиҷаи ин дуздӣ 3 ҳазору 201 нуқтаи телефон аз кор боз монд ва аз ин ҳисоб ба ҷамъияти мазкур хисороти зиёди молӣ ворид шуд. Ҳамарӯза садҳо нафар аз муштариён барои барқарор кардани телефонҳои хонагӣ ба ҶСК «Тоҷиктелеком» муроҷиат мекунанд, вале бо сабаби камбудии имконоти молӣ талаби онҳо бенатиҷа мемонад.
«Таҷҳизот ва ноқилҳои алоқа дар аксарият ноҳияҳои вилоят дар аввали солҳои ҳафтодум насб шудаанд ва алъон комилан фарсудаву куҳна гардидаанд. Аз ин рӯ, сифати хадамоти мухобиротӣ чандон хуб нест. Ягона роҳи бозгардондани муштариён ва афзоиши теъдоди онҳоро мутахассисони ин ҷамъият дар иваз намудани таҷҳизоту ноқилҳои нав мебинанд»,-илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






