Зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни ДДТТ таҳсилро дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар 10 нафар донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фиристода шудаанд. Аз ҷумла як нафар дар зинаи магистратураи Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус, 1 нафар дар риштаи магистратураи Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, 4 нафар омӯзгорону донишҷӯён дар риштаи бакалавриатура ва PhD-Донишгоҳи Пизаи Италия ва 2 нафар донишҷӯёни факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар риштаи бакалаври Донишгоҳи Кемянги Кореяи Ҷанубӣ идомаи таҳсил намуданд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре ректори Донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақиров изҳор намуд: «Зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни ДДТТ дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо таҳсилро анҷом доданд. Мо имрӯз аввалин номзадҳои доктор DhD-ро дорем, ки онҳо дорандаи дипломи доктории донишгоҳҳои аврупоӣ ҳастанд. Донишҷӯёни мо фаъолона дар доираи барномаи табодули Донишгоҳи менеҷменти Алмаато ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи Қазоқистон иштирок намуда, соли равон 13 нафар барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи менеҷменти Алмаато роҳхат гирифтанд».








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






