Ҷаҳонгир Маҷидов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо мақоми панҷумро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго баргузор гардид, дар вазни -81 кило сазовори мақоми панҷум шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷаҳонгир дар даври муқаддамотӣ бар Намҳун Лӣ (Ҷумҳурии Корея) ва Музаффарбек Турабоев (Ӯзбекистон) ғалаба карда, ба даври нимфиналӣ баромад. Аммо дар ин давр аз варзишгари Молдова Ейген Матвеисус, ки қаҳрамони вазни -81 шуд, мағлуб гашт. Дар рақобат барои ҷои сеюм аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Ҷои дуюм насиби Агустин Гил (Аргентина) ва ҷои дигари сеюм насиби Бенедек Тот (Маҷористон) гардид.
Ҷаҳонгир Маҷидов соли равон дар ду мусобиқа иштирок намуда, пирӯз гардида буд. Чанд муддат пеш аз ин мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон унвони қаҳрамони Осиёро ба даст оварда буд.
Бояд зикр кард, ки варзишгари дигари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили баргузор шуд, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






