Ҳадафи Қонуни танзим- дурӣ ҷустан аз хароҷоти беҳуда ва барпо кардани зиндагии шоиста барои аҳли оила
ХОРУҒ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони фаъоли ноҳияи Шуғнон зимни баргузории як ҳамоиш аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» якдилона пуштибонӣ намуданд. Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия Гулғунча Саидарабова, «ин тағйиру иловаҳо бори рӯзгори сокинони кишвар, бахусус занонро сабуктар карданд. Зеро дар аксари мавридҳо баргузории маъракаҳои хурсандиро занон бар дӯш гирифта, кӯшиш мекунанд дар ин «мусобиқа» дар маҳаллаи худ мақоми аввалро гиранд. Баъди анҷоми маросими хурсандӣ пулкобӣ ба хотири пардохти қарз оғоз мешавад. Аз ин рӯ пеш аз оне ки инсон ба коре даст занад, бояд аввал ҳаматарафа суду зиёни онро фикр кунад. Рафтори мо баръакс аст. Аввал кореро ба сомон мерасонем ва пас аз он худро сарзаниш мекунем, ки чаро ин корро кардем». Муовини раиси ноҳия гуфт, ки ҳамаи саъю кӯшиши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як ҳадаф равона шудаанд, ки он ҳам дурӣ ҷустан аз хароҷоти беҳуда ва барпо кардани зиндагии шоиста барои аҳли оила мебошад.
«Яке аз дигар тағйироте, ки ба ин қонун ворид карда шуд, ба дасти донишҷӯён додани калиди мошин аст. Ин аъмоли волидон аз як сӯ буҷаи оиларо хароб мекунад ва аз сӯи дигар, метавонад боиси ҳодисаҳои нохуш гардад. Аз чунин «некӣ» ба фарзандон худдорӣ кардан лозим аст. Маблағҳои изофие, ки доред, барои хариди китоб, ҷалби фарзандон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ё такмили касбашон сарф намоед»,-таъкид шуд дар ҳамоиш.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






