Агентии обуҳавошиносӣ: ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кишвар паст мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 14 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ гардида, ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 15-20 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 35-37 дараҷаро ташкил медиҳад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






