Агентии обуҳавошиносӣ: гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то охири моҳ боқӣ мемонад

Август 8, 2017 08:30

ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 8 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон  гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд  шабона 19-24 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Август 8, 2017 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад