Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 15 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар рӯ ба пастшавӣ меорад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона 14-19 ва рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 14-16 ва рӯзона 33-35 дараҷаро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






