Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: Аз 11 то 13 август дар кишвар вазидани боди шадид ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 10 август дар кишвар вазиши боди сахт ва чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, чангу ғубор асосан дар ҷануб ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳида карда мешавад. Ин гуна вазъи боду ҳаво ду рӯз идома ёфта, баъд аз он дар минтақаҳои кишвар боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ин муддат ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа паст хоҳад шуд.
Дар робита ба ин Агентии обуҳавошиносӣ ба диққати сокинони кишвар ва нафароне, ки аз бемории дилу рагҳо ва узвҳои роҳи нафас азият мекашанд, мерасонад, ки аз 11 то 13 август то ҳадди имкон аз хонаҳои худ берун набароянд.
13 август ҳаво ба ҳолати муқаррарии худ бармегардад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






