Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар боди шадид мевазад ва чангу ғубор ба амал меояд

Август 11, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 11 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва вазидани боди шадиду чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, вазидани бод ва чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона 21-26 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 18-20 ва рӯзона  38-40 дараҷаро ташкил  медиҳад.

 

 

Август 11, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид