Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 30 август, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 27-32 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






