Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар ба 37 дараҷа мерасад

Август 22, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 август дар бештари минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 37 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 16-21 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 13-15 ва рӯзона  34-36 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

Август 22, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад