Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хоруғ ба бинои нав мекӯчад
ХОРУҒ, 22.08.2017 (АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, сари вақт ба ҳузур пазируфтану посух додан ба муроҷиати шаҳрвандон, муҳайё кардани шароити мусоид барои мулоқот бо сокинони маҳаллӣ бо супориши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ду ҷамоат таъсис дода шуд. Яке аз онҳо Ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки бинои маъмурияш тобистони соли равон ба истифода дода шуд ва дуюмӣ ҷамоати шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки бинои маъмуриаш дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Арзиши умумии корҳои сохтмонии бинои навбунёд зиёда аз 1 миллион сомонӣ буда, он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Пудратчии асосии ин сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амир-Ҳамза» буда, то ба имрӯз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот анҷом ёфтаанд. Бинои маъмурии шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ, се утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм 8 утоқи корӣ мавҷуданд.
Ба гуфти сармуҳандиси сохтмон Ясор Имомқулов, «аксарияти бинокорон ҷавонони маҳаллие мебошанд, ки дар сохтмонҳои гуногуни кишвари Россия кор кардаанд ва таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд. Теъдоди онҳо 40 нафар буда, ҳар яке вазифаи худро бе камбудӣ анҷом медиҳанд».
Раиси ҷамоати Исмоили Сомонӣ Нурмамад Ҷонмамадов аз сифати кори бинокорон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки пас аз ба бинои нав кӯчидан кормандони маъмурии ҷамоат барои хуб ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ ба мардум имконияти бештар пайдо хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






