«Асбобҳои мусиқӣ дар системаи санъати шашмақом» — дастур барои мусиқишиносон

Август 19, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 19.08.2017. /АМИТ «Ховар»/ «Асбобҳои мусиқӣ дар системаи санъати шашмақом»- таҳти чунин унвон китоби нави номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Мурод Эшонқулов ба табъ расид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Асар ба мавзӯи мубрам, яъне истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар низоми  санъати шашмақом бахшида шудааст. Дар китоб ҷабҳаҳои гуногуни асбобҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ӯзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбобҳои мусиқӣ, мисли танбӯр, дутору сетор маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Инчунин дар асар истифодаи ин асбобҳо дар марҳилаи ҷории тамаддуни фарҳангӣ муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, китоб барои доираи васеи мусиқишиносон, мутрибон, донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи санъат, инчунин барои онҳое, ки ба мусиқӣ ва мавзӯи мазкур шавқу рағбат доранд, пешниҳод мешавад.

 

Август 19, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад