«ҶАВОНИИ МО МУБОРАК!». 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мегардад

Август 12, 2017 10:11

«Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд».

Эмомалӣ Раҳмон 

ДУШАНБЕ, 12.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.   12 август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки соли 1999 Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи № «A/RES 54/120» тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони кор бо ҷавононро (Лиссабон, соли 1998) дар бораи 12 август таҷлил намудани   Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷонибдорӣ намуд ва таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромад.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҷавонон чанд нуктаро доир ба сиёсати давлатии ҷавонон тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Дар ҳақиқат ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлат, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардид ва ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст.

              Сиёсати давлатии ҷавонон ва ташаккули он

Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа – тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омада, новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ин масъалаи муҳим дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирифт. Баъди 6 моҳи  ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст, далели ин гуфтаҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. 9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Бо назардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавонон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонданд. Мутобиқи ин Фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо назардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолияташро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монд.

Тибқи  маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд.

                      Ҷавонон ва даврони соҳибистиқлолӣ

Сол ба сол арзиш ва манзалати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо карда, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар чун санаи муқаддаси таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Истиқлолият заминаи пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 26-соли соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, саноат, илм, маориф ва фарҳанг далели ин гуфтаҳост.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост. Бахусус, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва олӣ дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ меваи самари Истиқлолият аст, ки давлату миллати тоҷик аз шаҳди он лаззат мебаранд. Дастболо шудани Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов ва дигарон дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон, иштироки 7 нафар варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016-ро метавон намунаи барҷастаи ифтихор аз давлату далатдории ҷавонони тоҷик арзёбӣ кард.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то 2014 қариб 15 ҳазор нафар духтарону писарон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Инчунин Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 инҷониб ҳазорҳо нафар ҷавонони мамлакатро тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст.

рузи чавононСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…»

Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон дар баробари чанд нуктаи самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ «рӯ овардан ба ҷавонон»-ро низ махсус таъкид доштанд. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Ҳанӯз 21 майи соли 2005 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар изҳор карда буданд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред».

Нуктаи мазкур аз ҳар ҷавон баҳри пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бовар дорем, ки ҷавонон барои аз дастовардҳои илму техникаи муосир,  таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина, таҳкими Истиқлолияти кишвар талош менамоянд. Пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад.

Ногуфта намонад, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамеша бояд донист, ки нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи ҳар як фарди ҷомеа аст.

Як замон сарояндаи хушилҳони тоҷик Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон  Тоҷиддин Муҳиддин чунин як суруди зеборо замзама мекард:

Ҷавонӣ…ҷавонӣ…

Ҷавонии мо муборак!

Ҷавонон, каф занед,

Бихонед, бихандед, биболед, бигӯед:

Ҷавонии мо муборак!

Мехоҳем имрӯз, дар рӯзи байналмилалии ҷавонон, ба кули ҷавонони   Тоҷикистон, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои рушди онҳо ва саодату хушбахтиашон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд, чунин муроҷиат намоем:  ҷавонон, бихонед, таълиму тарбияи муносиб гиред, мутахассисони сазовор гардед, шодӣ кунед, шукр намоед ва бигӯед: «Ҷавонии мо муборак!».

Зарангези ЛАТИФ

Август 12, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд