Аз вагонхона — ба бинои замонавии мактаб: дар деҳаи «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муассисаи таълимӣ ифтитоҳ шуд

Август 11, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар  деҳаи «Роҳи Ленин»   бинои муассисаи таълимии №19  ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар расми ифтитоҳ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини раиси ноҳия Хосият Неъматова ва дигар меҳмонону сокинон иштирок карданд.

Зикр шуд, ки сохтмони ин мактаб дар масоҳати умумии 0,91 га дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» ба нақшаи иншооти сохташаванда аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ ворид гардида буд. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст сохта шудааст. Дар ошёнаи якум 5 синфхона, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи таълими меҳнат, утоқи кории муаллимон ва утоқи кории директор ҷой гирифтаанд. Дар ошёнаи дуюм 8 синфхона ва 2 утоқи корӣ, синфхонаҳои лаборатории физикаю химия ҷойгир карда шудаанд.

Лоиҳакаши иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоя лоиҳа» буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба анҷом расонида шуда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-мебел» бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Бояд гуфт, ки  мактаби собиқи деҳаи «Роҳи Ленин» солҳои 70-уми асри гузашта бунёд ёфта, хонандагони он то имрўз дар вагонхонаҳо таълим мегирифтанд.

Август 11, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд