Азонихудкунии қариб 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муҳандис-сохтмончӣ ва сардори шуъбаи хоҷагӣ

Август 28, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти марди 39-сола, муҳандис-сохтмончӣ ва сардори шуъбаи хоҷагии яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони азонихудкунии 149 ҳазору 770 сомонӣ гумонбар мешаванд, хабар медиҳад.

Тавре аз ВКД ҶТ  иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, муҳандис-сохтмончии яке аз донишгоҳҳои ин шаҳр бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз соли 2015 то семоҳаи аввали соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ сардори шуъбаи хоҷагӣ ва сохтмони донишгоҳи мазкур- марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз ваколатҳои мансабиашон суиистифода бурда, ба сохтакорӣ даст задаанд.

Номбурдагон ҳар моҳ табели кории якчанд нафар сохтмончии донишгоҳи мазкурро, ки баъзеи онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, бо роҳи сохтакорӣ, ки гӯё онҳо дар донишгоҳи мазкур ҳамчун сохтмончӣ фаъолият доранд, ба расмият дароварда, тавассути корти бонкӣ 149 ҳазору 770 сомониро, ки барои музди меҳнати сохтмончиён пешбинӣ шуда буд, аз они худ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Август 28, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад