Ба муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ бо забони русӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба 165 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 60 ҳазору 638 нусха китобҳои дарсӣ бо забони русӣ барои синфҳои 1-11 ба таври ройгон тақдим карда мешаванд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Исоев иттилоъ дод, «аз ҷониби Фонди «Русский мир» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ ва адабиёти рус тақдим карда шуд. Ин китобҳо ба ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки таълимашон ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст, тибқи шумораи хонандагон тақсим карда мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки то саршавии соли хониш китобҳои дарсиро ба муассисаҳои номбурда дастрас гардонем».
Ба иттилои Комил Исоев, аз ҷониби «Российская гуманитарная миссия» низ 32 ҳазору 538 адад китобҳо ворид шуданд, ки онҳо аз фанҳои гуногун- биология, химия ва математика мебошанд. Ҳамчунин аз ҷониби «Россотрудничество» 8 ҳазор адад китоб ворид шуд. Ҳамаи китобҳои воридшуда дар умум 60 ҳазору 538 ададро ташкил медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки ин китобҳои дарсӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд. Ин тақсимот аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ






