Ба муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ бо забони русӣ тақдим гардид

Август 30, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 30.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба 165 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  ҷумҳурӣ 60 ҳазору 638  нусха китобҳои дарсӣ бо забони русӣ  барои синфҳои 1-11 ба таври ройгон тақдим карда мешаванд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Маркази таҳия,   нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию  методии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Исоев  иттилоъ дод, «аз ҷониби Фонди «Русский мир» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҳазор  нусха китобҳои дарсии  забони русӣ ва адабиёти рус тақдим карда шуд. Ин китобҳо   ба ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки таълимашон ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст, тибқи шумораи хонандагон тақсим карда мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки то саршавии соли хониш китобҳои дарсиро ба муассисаҳои номбурда дастрас гардонем».

Ба иттилои Комил Исоев, аз ҷониби «Российская гуманитарная миссия» низ 32 ҳазору 538 адад китобҳо ворид шуданд, ки онҳо аз фанҳои гуногун- биология, химия ва математика мебошанд. Ҳамчунин аз ҷониби    «Россотрудничество» 8 ҳазор  адад китоб ворид шуд. Ҳамаи китобҳои воридшуда дар умум 60 ҳазору 538 ададро ташкил медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки ин китобҳои дарсӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд. Ин тақсимот аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст.

Август 30, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад