«БА ТЕЛЕФОНИ 112 ЗАНГ ЗАНЕД, АГАР МАБОДО…». 17 август-Рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Август 17, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 17 август кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иди касбии худро ҷашн мегиранд.  Бояд зикр намуд, ки имсол ба таъсиси Кумитаи мазкур 23 сол пур мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ниҳоди ҳарбӣ буда,  вазифаи аввалиндараҷаи он ҳифз намудани аҳолӣ, ҳудуд ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода,   бартараф намудани онҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида мебошад. Кумита барои амалӣ намудани сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ин раванд ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз фаъолият менамояд.   Кумита дорои қисмҳои ҳарбӣ буда, аскароне, ки дар он ҷо хизмат мекунанд, пеш аз ҳама, дар рафъи ҳолатҳои фавқулода фаъолона иштирок менамоянд.

Умеда Юсупова Бино ба иттилои роҳбари маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсупова,    танҳо дар 6 моҳи соли равон дар миқиёси ҷумҳурӣ 51 ҳодисаи табиӣ рух дод, ки барои рафъи ин ҳолатҳо аз тарафи Кумита тамоми тадбирҳо андешида шуданд. Наҷотдиҳандагон дар ин муддат 76 нафар шаҳрвандонро наҷот доданд.

Инчунин зикр гардид, ки барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо     аз тарафи мутахассисони Кумита    дар байни аҳолӣ   машқҳои мукаммали гражданӣ гузаронида мешаванд.  Дар ин машқҳо рафтори огоҳона зимни омадани сел,   фаромадани сангреза,  ярч ё тарма, инчунин   дар ҳолати заминларза омӯзонида мешаванд. Мақсади машқҳо- огоҳ намудани  мардум  ва рафтори дуруст кардани онҳо дар ин ҳолатҳо мебошад.

Бояд зикр намуд, ки 17 августро кормандони Кумитаи мазкур  аз соли 1994 инҷониб  ҳамчун иди касбии худ ҷашн мегиранд. Имсол низ бахшида ба ин рӯз барномаи идона баргузор мегардад, ки дар он аз тарафи роҳбарияти Кумита ба   он нафароне,  ки дар давраи хизматӣ ба муваффақиятҳо ноил гашта, ҷасорат нишон додаанд,  бо  ифтихорномаҳо,  медалҳо ва рутбаҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳайати шахсии Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамарӯза дар ҳолати доимии омодабош қарор дошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ талош доранд. «Агар мабодо ҳолати фавқулода рух диҳад, шаҳрвандон метавонанд бо телефонии 112 занг зананд», — гуфтанд ба АМИТ «Ховар» дар КҲФ ва МГ ҶТ.

 

 

Август 17, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад