Ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт 4 адад мошинҳои махсуси барфрӯб интиқол дода мешаванд

Август 28, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарии Ҳукумати Япония (GGP) ва ситодҳои вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.
Мувофиқи созишномаи мазкур аз тарафи Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарии Ҳукумати Япония (GGP) ба ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чор адад техникаи барфтозакунӣ тақдим карда мешавад.
Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Япония Томохиро Накагаки, муовини роҳбари ҳайати сафорати Япония дар Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Маҳмудов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт, Н.Мираков, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, Ё.Сайдалиев, муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва Б.Додов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба имзо расониданд.
Нархи ҳар яке аз техникаҳои барфтозакунӣ зиёда аз 100 ҳазор доллари ИМА буда, маблағи умумии грантӣ 401 ҳазору 820 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре Рустам Самадов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои  Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарии Ҳукумати Япония (GGP) иттилоъ дод, «мошинҳои мазкур истеҳсоли ширкати «ГАЗ» (Федератсияи Россия) буда, маҳз барои аз барф тоза кардани роҳҳои мошингузар пешбинӣ шудаанд. Ин мошинҳо барфро то ба масофаи 35 метр ҳаво медиҳанд. Истифодаи чунин мошинҳо дар фасли зимистон барои дар муддати кӯтоҳ ва бо масрафи кам тоза кардани роҳҳои мошингузар муосидат карда, ҳаракати мунтазами нақлиётро дар роҳҳои мошингузари ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон таъмин мекунанд».
Дар назар дошта шудааст, ки баъд аз ду моҳи ба имзо расонидани Созишнома, яъне то фарорасии мавсими нави зимистонгузаронӣ, мошинҳои барфтозакунӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт расонида шаванд.
Томохиро Накагаки, муовини роҳбари ҳайати сафорати Япония дар Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи нави ҳамкорӣ изҳор кард, ки «Ҳукумати Япония баҳри дастгирии мардуми Тоҷикистон бо лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷиҳати таъмини кумакҳои амнияти башарӣ азми қавӣ дорад».
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли зимистон бар асари боришоти зиёди барф бо ҳодисаҳои табиии фавқулода дучор мешавад. Ҳукумати мамлакат баҳри паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ  бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Август 28, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд