«Барқи тоҷик»: ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод

Август 1, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 1.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 645,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, зикр намуд, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи  барқ дар нимсолаи якум ширкат дар ҳаҷми 1310,8 млн.кВт.соат энергияи барқро асосан аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» харидорӣ намуд.
Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, дар шашмоҳаи якуми соли 2017 тарифи миёна барои 1 кВт.соат энергияи барқи истифодашуда 15,50 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дирам зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ Мирзо Исмоилзода аз сари вақт напардохтани маблағи барқ изҳори нигаронӣ карда, яке аз мушкилиҳои асосии соҳаро,  ки масъулинро ба ташвиш овардааст, масъалаи ҷамъоварии маблағ ҳисобид. «Яке аз мушкилиҳои асосии соҳа- ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад. Мутаассифона, маблағи энергияи барқи истифодашуда аз тарафи истифодабарандагон сари вақт ва пурра пардохт намегардад, ки ин ба вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» таъсири манфӣ расонида, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ монеа эҷод мекунад»,-изҳор дошт ӯ.

Август 1, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад