Барномаҳои консертӣ дар Душанбе бо иштироки «Базморо», «Сомон» ва «Лола»
ДУШАНБЕ, 19.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд аз тамошои ин барномаҳо баҳра баранд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 19 август соати 19:00 дар майдони «Кӯли ҷавонон» барномаи консертии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дар Боғи «Парчами давлатӣ» барномаи консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва дар «Боғи Ирам» барномаи ҳунарии Ансамбли «Базморо» манзури тамошобинон мегарданд.
Ҳамчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе, 20 август, соати 19:00 дар «Боғи Рӯдакӣ» аз барномаи консертии Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» ва дар «Кӯли ҷавонон» аз барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳра бурда метавонанд.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






