Барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон озмун баргузор гардид

Август 4, 2017 17:05

ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 августи соли равон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  барои дарёфти стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд, имрӯз дар   ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ чунин озмунҳо доир шуданд.

«Тибқи Низомнома довталабони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагону донишҷӯёне  мебошанд, ки  рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон доранд, бо баҳои аъло ду соли охир таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд»,- иттилоъ доданд аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманду аълохон дар доираи Соли ҷавонон мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли равон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 (дусад) нафар, аз ҷумла 160 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ноҳияҳо стипендияи раисони ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.

Август 4, 2017 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид