Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ ва лавозимоти соҳавӣ ворид карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба беморон чанде пеш беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифт. Баъд аз таъмиру тармим ин маркази саломатӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ултрасадо, сабти барқии дил, дастгоҳ барои тамизгардонӣ, нафаси сунъӣ, монитор барои мушоҳидаи кори дил, рентгени сайёр, 40 адад кат ва маводи доруворӣ таъмин карда шуд.
Солҳои каблӣ беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба талаботи рӯз чавобгӯ набуда, табибон аз норасоии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ барои ташхису табобати беморон азият мекашиданд.
Зимни боздид роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати тандурустии вилоят, макомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута аз сатҳу сифати корҳои иҷрогардида изҳори қаноатмандӣ карданд.









Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






