Беш аз 130 нафар дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ савганд ёд карданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи саҳроии «Лоҳур»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 130 нафар донишомӯзони курси якуми Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд. Дар ин маросим ҳайати роҳбарикунандаи Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, собиқадорон ва падару модарон иштирок намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадӣ хабар доданд, роҳбарияти Донишкадаи олии сарҳадӣ ба донишҷӯён муваффақият орзу намуда, зикр карданд, ки моҳияти асосии Савганди ҳарбӣ- ин ҳифзи сохти конститутсионии давлат, марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият ба шумор меравад.
Дар хотима марши тантанавии курсантон сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






