БО БАҲОИ ҶОН: Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии КДАМ писарбачаи хурдсолро аз марг наҷот дод

Август 10, 2017 12:10

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Азимов дар вақти адои хизмат бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола ҷони худро дареғ надошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, ҳодисаи фоҷибор 4 август рух дод. Бахтовар Азимов барои наҷот додани писарбачаи хурдсол — Меҳрубони Ҷурахони 10-сола, ки дар об ғарқ шуда истода буд, худро ба об  андохта, ӯро аз марг наҷот медиҳад. Писарбача наҷот меёбад, вале мавҷи тезу тунди об, мутаассифона, сарбозро ба ҳалокат мерасонад.

Сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз баҳори соли 2017 дар  Дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

Масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтанд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  маъракаҳои ёдбуди хизматчии ҳарбии фавтида ёрии моддӣ расонанд.

 

Август 10, 2017 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд