«Бонки Эсхата» дар доираи аксияи «Рушди кишоварз» фоизҳои худро паст намуд

Август 25, 2017 14:59

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Бонки Эсхата» дар доираи аксияи “Рушди кишоварз” ба сокинони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ, ки бо хоҷагии қишлоқ машғуланд, фоизи қарзҳоро нисбатан паст намуд. Акнун фоизи қарз 27%-и солонаро ташкил медиҳад.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз ҶСК “Бонки Эсхата” хабар доданд, аксияи мазкур танҳо барои деҳқонони ноҳияҳои номбурда, ки бо кишти пиёзу сабзӣ дар мавсими тирамоҳ машғул хоҳанд шуд,  татбиқ гардидааст.

Маблағи қарз то 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Хотиррасон мекунем, ки гирифтани қарз бо траншҳо яке аз афзалиятҳои ин намуди қарз маҳсуб меёбад. Он ба мизоҷ имконият медиҳад бори дигар пардохтпазирии худро санҷида барояд.

Аксияи “Рушди кишоварз” аз 21 август то 30 ноябри соли 2017  идома меёбад.

Август 25, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад