Боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон бо 72 грамм афюн: ӯ азми сафари ҳаҷ дошт!
ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки озими ҳаҷ буд, аз ҷониби кормандони гумруки фурудгоҳи Самарқанд бо гумони талоши интиқоли 6 ҳазор доллар ва 72 грамм афюн боздошт гардид.
Тавре хабаргузрори “Regnum” иттилоъ дод, ҳангоми тафтиш кормандони гумрук аз Шамшӣ Аҳроров 72 грамм афюн ва 5722 доллари ИМА-ро бар иловаи асъори кишварҳои дигар пайдо карданд. Ин мард афюнро дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифта, дохили нонҳо ҷой кардааст.
Тибқи қонунгузории Арабистони Саудӣ, интиқол, тиҷорат, нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир дар ин кишвар ҳукми қатл дар пай дорад.
Ба зикри манбаъҳои иттилоотрасон, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, онро додситонии Ӯзбекистон таҳқиқ мебарад.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






