Бунёди терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути ширкатҳои ватанию хориҷии ҳавонавардӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа 1767,5 тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд аст.
Аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоте, ки тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон кашонида шудаанд, 986,2 тонна ба ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва боқимонда ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ рост меояд.
Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишварамон дар ҳолест, ки соли равон татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои сохтмони терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба маблағи 17,5 миллион доллар расман оғоз гардид. Интизор меравад, ки бо бунёди ин иншооти барои иқтисодиёти кишварамон муҳим ҳаҷми боркашонии фурудгоҳӣ беш аз пеш афзоиш меёбад.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






