ЧАРО ИМСОЛ НАРХИ ПИЁЗ ГАРОН АСТ? Кооперативи тиҷоратии шаҳри Ваҳдат истеҳсоли пиёзро ба 500 тонна расонданист

Август 2, 2017 15:35

ВАҲДАТ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кооперативи тиҷоратии ба номи Аввалмурод Кенҷаеви шаҳри Ваҳдат дар замони истиқлолият ва пеш аз он ҳам  бо истеҳсоли пиёз ва тухмии он  машҳур гардида, барои ба танзим даровардани нархи пиёз дар бозорҳои шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе мусоидат менамояд. Тибқи иттилои  сардори хоҷагии мазкур Муродалӣ Маҳмадалиев, онҳо имсол дар майдони 61 гектар гандум, 6 гектар картошка, 30 гектар пиёз ва 7 гектар дигар намуди сабзавот кишт намуда, то имрӯз ба бозор бо нархи арзон зиёда аз 150 тонна пиёз ворид намудаанд.
Ба гуфти Муродалӣ Маҳмадалиев, нашъунамои пиёз имсол хуб буда, онҳо ният доранд моҳҳои наздик истеҳсоли пиёзро ба 500 тонна  расонанд.
Муродалӣ Маҳмадалиев оид ба баланд гардидани нархи пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки «яке аз сабабҳои асосӣ дар солҳои гузашта арзон будани нархи пиёз буд. Аз ин хотир  пиёзкорони ҷумҳурӣ  имсол кам пиёз коштанд. Инчунин истеҳсоли пиёз нисбат ба дигар намуди  сабзавот мушкил  мебошад ва хароҷоти зиёд талаб мекунад. Солҳои охир номусоид омадани боду ҳаво ва гарон будани заҳрхимикатҳою сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии  техникаҳо истеҳсоли пиёзро боз ҳам мушкилтар гардонид».

Август 2, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид