Дар Бонки миллӣ масъалаи мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баррасӣ шуд

Август 8, 2017 09:39

ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода   ҷаласаи навбатии зергурӯҳҳои Гурӯҳи корӣ вобаста ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  зергурӯҳҳои ин гурӯҳи корӣ бо мақсади гузаронидани низоми мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври электронӣ таъсис шудаанд. Зимни вохӯрӣ ба аъзои зергурӯҳҳо аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҶДММ «Истэра» муаррифиҳо вобаста ба корҳои минбаъда оид ба танзими низоми мубодилаи маълумот пешниҳод  шуданд.      Инчунин аъзои зергурӯҳҳо мулоҳизаҳои худро вобаста ба тартиби нави мубодилаи маълумот баён намуда, зикр карданд, ки тартиби нав ба самаранокии низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом таъсири мусбат расонида, равандҳои иловагиро зимни мубодилаи маълумот аз байн мебаранд.

Файзулло Файзуллозода пешниҳод кард, ки барои хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ  созишномаҳои дутарафа ба имзо расонида шаванд. «Ин созишномаҳо заминаи ҳуқуқии иловагӣ барои тартиби нави мубодилаи маълумот ба таври электронӣ мегарданд»,-гуфт ӯ.

 

Август 8, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад