Дар деҳаи дурдасти Булункӯли ноҳияи Мурғоб Маркази пазироии сайёҳон боз шуд

Август 11, 2017 11:46

ХОРУҒ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Даштҳои ҳамвору роҳҳои пурпечу тоби кӯҳӣ, дарёчаву кӯли пур аз моҳӣ, ҳайвоноти нодир, расму суннатҳои ҷолиби халқҳои тоҷику қирғиз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба ин деҳаи дурафтодаи ноҳияи Мурғоб сол аз сол бештар ҷалб мекунанд. Инро ба назар гирифта, Ассотсиатсияи экологию фарҳангии Помир дар ин деҳа Маркази пазироии сайёҳон боз кард. Раиси Ассотсиатсияи мазкур Асадшо Зоолшоев гуфт, ки «дар ин деҳа панҷ хати сайр барои сайёҳон ташкил шудааст ва онҳо мувофиқи хоҳиши худ бо истифода аз аспу шутур ва қутос ба мавзеъҳои хушманзараи кӯлҳои Яшикӯл, Сарез, дараи Бадчор ба сайёҳат мебароянд.  Ҳангоми бозгашт ба ватан сайёҳон метавонанд аз маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ, ки аксаран аз пашму пӯсти қутос ва бузу гӯсфанд омода шудаанд, армуғон баранд». Номбурда гуфт, ки дар Маркази пазироӣ барои сайёҳон ҳамаи маълумот дар бораи мавзеъҳои таърихӣ, кӯлу дарёҳои кӯҳӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумони тоҷику қирғиз пешниҳод мегардад. Илова бар ин, дар давоми 10 соли охир дар деҳоти дурафтодаи вилоят 80 адад хонаҳои хурди меҳмондорӣ бунёд шудаанд.

Шумораи  марказҳои пазироии сайёҳон дар ҳудуди вилоят ба се адад расидааст. Қаблан  чунин марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳраки Қалъаи хум ва маркази вилоят- шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз карда буданд.

 

Август 11, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад