Дар доираи Лоиҳаи JDS 38 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристонда шуданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов иброз намуд, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Ба иттилои номбурда, дар асоси Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи кумаки бебозгашт дар самти тайёр намудани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2016 давраи ниҳоии интихоби довталабони докторантура ва магистратураи донишгоҳҳои Япония баргузор гардид. Барои ба даст овардани бурсияҳо 41 нафар мутахассисон аз мақомоти давлатӣ иштирок намуда, 8 нафар ҷавонони лаёқатманд аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти гумрук ва Бонки миллӣ барои соли таҳсили 2017-2019 ба магистратура ва докторантураи Донишгоҳҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи Хиросима ва Донишгоҳҳои Япония интихоб шуданд.
«Аз соли 2009 то имрӯз дар доираи Лоиҳаи JDS 38 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд, ки аз ин теъдод 28 нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд»,- иброз дошт директори Агентии хизмати давлатӣ.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






