Дар Душанбе Ҳафтаи китоби Ҳиндустон оғоз гардид

Август 19, 2017 10:04

ДУШАНБЕ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи  китоби Ҳиндустон оғоз гардид. Дар ин бора  ба АМИТ  «Ховар» аз  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин иқдом бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт.

Дар намоиши китобҳои ҳиндӣ Сафири  Ҳиндустон дар Душанбе   Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, олимон аз пажӯҳигоҳҳои Академияи илмҳо, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд ширкат намуданд.

Ҳафтаи намоиши китоби Ҳиндустон ба бузургдошти 70 – солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25–солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни  Тоҷикистону Ҳиндустон равона гардида, то 24 августи соли равон идома меёбад.

 

Август 19, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад