Дар Душанбе Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир гардид

Август 30, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 30.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 августи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VIII ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гашт. Анҷуманро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ бо иттиҳодияҳои созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон доир намуд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Анҷуман намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон гирди ҳам омаданд ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода баргузории Анҷумани VIII ҷумҳуриявии ташкилотҳои кор бо ҷавонони Тоҷикистонро идомаи ташббусҳо ва иқдомҳои созанда оид ба устуворӣ ва рушди ҷараёни идораи демократии ҷомеа арзёбӣ карда, гуфт: «Ҳамасола баргузор намудани Анҷуман ба ҳукми анъана даромадааст. Он майдоне мебошад, ки дар он ташкилотҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконияти табодули таҷриба ва муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар байни ҷавононро доранд. Анҷуман ба  ташаккули муносибатҳои ҳамкорӣ тақвият мебахшад».

Ҳадафи асосии анҷуман мусоидат ба иштироки ҷавонон, роҳбарони ташкилотҳои ҷавонон ва кор бо ҷавонон дар раванди қабули қарорҳое мебошад, ки ба рушди устувори ҷамъият ва давлат нигаронида шудаанд.

Август 30, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад