Дар Душанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 доир гардид
ДУШАНБЕ, 3.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Ризо Назарзода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — роҳбари гурӯҳи корӣ, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш- муовини роҳбари гурӯҳи корӣ таъйин шуданд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва мутахассисони соҳа ворид гардидаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, гурӯҳи корӣ бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2017 бо мақсади омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 таъсис ёфт.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки гурӯҳи корӣ бо мақсади таъсис додани кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 созмон дода шудааст. Гурӯҳ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, варзишгарони беҳтаринро интихоб ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияву мактабҳои варзишӣ дар омодагии онҳо ба Олимпиадаи соли 2020 мусоидат мекунад.
Ризо Назарзода зикр кард, ки «баъд аз медали тиллои Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 масъулияти мо ва варзишгарони мо бештар шудааст. Мо бояд дар олимпиадаҳои минбаъда Тоҷикистонро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем».
Муҳаммадшо Абдуллоев, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дастгирии молиявии варзишгаронро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ муаррифӣ кард. Зикр шуд, ки аз ҷумла барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 барномаи дастгирии молиявии варзишгарон, барномаи қитъавӣ барои варзишгарон, барномаҳои давраҳои омӯзишӣ барои доварону мураббиён омода шудаанд. «Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 варзишгари беҳтарини ҷумҳуриро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш интихоб ва барои дарёфти дастгирии молиявии КБО пешниҳод кард. Дар сурати тасдиқ шудани рӯйхат аз ҷониби КБО 17 варзишгари мо аз моҳи сентябри соли 2017 то сентябри соли 2020 ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020 аз дастгирии молиявӣ бархурдор мешаванд», — гуфт М. Абдуллоев.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






