Дар Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 8.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли равон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки қарор аст дар пойтахти кишвари мо — шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.
Дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.
Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






